《王与异界骑士》4月20日15:00~17:00停机维护公告
Палав (форс?: ????) — х?рокест то?ик?, ки аз бирин?у г?шту рав?ану сабз?, пиёз, зира, зирк ва дигар дегвора?о мепазанд ва чандин гуна дорад[1].


Дар ?Фар?анги низом? шар?и калимаи ?палов? чунин омадааст:
![]() |
Палов – исми таоме, ки аз бирин?у рав?ан ва г?шт пухта мешавад ва номи такаллумии имр?з ?палов? аст. | ![]() |
Палав яке аз х?рок?ои миллии то?икон аст, ки дар саросари Осиёи Марказ? ва фаротар аз он маъмул аст ва равиш?ои гуногуни пухтупаз дорад.
Вожашинос?
вироишПалав ?????? [palav | polov] дар форс? вомвожа аз ?индии ??????? [pulāu | palāu] аст, ки реша дар санскритии ??????? [pulāka-] ба маънои ?бирин?и обпаз? дорад. ?Палав? аз забони форс? дар дигар забон?о вом гирифта шудааст: озарбой?он? – плов, арман? – пилаф, гур?? – пилаф, ?азо?? – палау, му?ул? – пилаф, турк? – пилав, рус? плов.
Дар васфи ош
вироишДар суфраи нопайдоканори адабиёти форсу то?ик Саъд? — насое?и шакарин, Наво? — каломи намакин, Берун? — меваи ширини лутф, Мавлонои Рум? — оби ?аёти маънав?, Фороб? — ?анди ?икмату маърифат гузоштаанд. Дигар удабои бузурги и?лими сухан низ барои ояндагон чошнии сазовор мерос монданд. Дар байни ин бузургон нафаре аст, ки ма?оми хонсолории суханро дорад, ки дар таърихи адабиётамон бо номи ифтихории Мавлоно Лутф? маш?ур аст. Атъима ла?аб гирифтанаш ?ам бесабаб нест, зеро ки дар ашъораш х?рдани?о, н?шоки?о, ?андолот?о, ?алво?о ва билкулл таомро ситоиш мекунад. Аз ?ама му?им он аст, ки дар баробари таом?ои дигар Аб?ис?о?и Атъима паловро (?палавро?) ситоиш ва ном?ои паловро зикр дорад. Дар осори ? калимаи ?бирин?? ифодакунандаи палов (?палав?) аст. А?иб он аст, ки то ?ол дар Бадахшон оши паловро ?грунч? мег?янд ва дар замони Атъима чунин ном доштани палов (?палав?) а?иб нест, ?арду ?аммаъно аст, оши бирин? ё оши палов (?палав?) – х?роки аз бирин? омодашуда мебошад. ? оши паловро султони таом?о номидааст:
Зи ?ар неъмат, ки бар хон офариданд, Бирин?и зард султон офариданд.Аб?ис?о?и Атъима
|
Дар Эрону Озарбой?он барои тайёр кардани ош, аз ?умла оши палов, заъфарон фаровон истифода мегардад, то Ин?илоби Октябр заъфаронро то?икон ва дигар ?авм?ои Осиёи Марказ? низ хеле истифода мебурданд. Оши палове, ки он бо заъфарон бирин?аш зард карда мешуд, ?оши музаъфар? мегуфтанд, ки ин калима дар ашъори Аб?ис?о?и Атъима бисёр истифода карда шудааст.
Миёни мову музаъфар му?аббати азалист, Гуво? шарбату ?анду ?алавои асалист.Аб?ис?о?и Атъима
|
Анъанаи таом?оро таъриф кардан дар осори ?ор? Ра?матулло?и Возе? низ идома ёфт, ки тазкираи ?Хони неъмат?-ро навишт. Дар ?удуди Эрон бошад, Мирзоал? Акбархони Ошпазбош? асаре навишт бо номи ?Суфраи атъима?, ки дар он тарзи тайёр кардани таом?о, адвия ва шарбат?о навишта шудааст. Мирзоал? Акбархон сарошпаз ва ё худ ошпазбошии дарбори ?о?ориён дар а?ди Носируддиншо?и ?о?ор (1831-1896) буд.
Оши палов (?палав?) имр?з?о дар То?икистон, ?збекистон, ?ир?изистон, Туркманистон, Аф?онистон, Эрон, Туркия, Озарбой?он ва дигар кишвар?ои олам па?н гаштааст ва маъмулан сокинони ?амаи ин кишвар?о даъво доранд, ки ватани оши палов (?палав?) сарзамини он?ост. Аммо мо перомуни ин масъала ба ?икмати хал? такя карда мег?ем, ки ватани палов (?палав?) ?амон ?оест, ки паловх?рон ?астанд, зодго?и палов (?палав?) бошад, сарзамини ориёиёну су?диён аст.
Перомуни оши палови то?ик? бошад, ч? дар дохили кишвар ва ч? дар хори? асар?ои зиёде навишта шудаанд. Таомшиносоне чун А.И.Кривко, И.Лазерсон, С.Ханкишиев, К.Ма?мудов ва дигарон перомуни намуд?ои гунонуни палов (?палав?), тарзи тайёр кардани он маълумоти фаровон додаанд. Б.Бурда оши палови татар?, аз ?умла палови душанбег? ва ху?андиро шар? дода, навъ?ои паловро зикр кардааст, ки ин?оянд: палови озарбой?он?, палови турк?, палов бо курумева?о, ?елакпалов, ж?жапалов, угропалов.[2]
Тарзи тайёр кардани оши палав
вироишОши палав як навъ таоми то?икист. Вобаста ба тайёр кардани зирбак, хелу ми?дори масоле? ва усули пухтан то 25-30 хели палав мав?уд аст. Палав таоми хеле сер?изо буда, аз дигар таом?о бартар? дорад. Дар таркиби он ?амаи модда?ои химияв? - рав?ан, сафеда, карбогидрат, витамин?о, намак?ои маъдан? ?астанд, бинобар ин ба таносуби масоле?и асос? - бирин?, рав?ан, г?шт, сабз?, пиёз ва му?лати пухтани он?о риоя кардан а?мият дорад.
- Тамоми ?араёни палавпаз? аз ин?о иборат аст: тайёр кардани масоле?, дегу таба?, до? кардани рав?ан, тайёр намудани зирбак, андохтани бирин? ва дам партофтан. Бирин?ро ба дег одатан аз ва?ти ошх?р? 40-60 да?и?а пештар меандозанд. Барои пухтани палав асосан рав?ани дунба, рав?ан?ои наботот, зард ё омехта, г?шт (г?сфанд, гов, мур?, кабк, бедона), бирин?, сабз?, пиёз, инчунин нах?д, сир, мавиз, мурч, ?аламфур, зира ва ?ара?отро истифода мебаранд. Баъзе хели палав?оро бо би??, барги ток, мева?ои хушк ва ?айра мепазанд. Палавро асосан ба тарзи зерин мепазанд: бирин?ро тоза карда, дар оби ширгарми намакдор 30-40 да?и?а тар карда мемонанд. Рав?анро на?з до? карда, аввал пиёзи реза, баъд г?штпора?оро андохта, то сурх шуданаш бирён мекунанд, сипас сабзии резашударо андохта, баъди 8-10 да?и?а ба дег камтар об, адвиёт, намак андохта, зирбакро ма?ин ме??шонанд. Баъди бирин?ро 3 маротиба шустан ба р?и зирбак андохта, ме??шонанд. Ми?дори об ба навъи бирин? вобаста аст, ба р?и бирин? та?рибан 2-2,5 см об меандозанд. ?амин ки бирин? обро ?аббид, онро 20-25 да?и?а дам мепартоянд. Ба 1 кг бирин? 800 г г?шт, 400г рав?ан, 800 г сабз?, 500 г пиёз лозим аст.[3]
Сабт дар фе?ристи ЮНЕСКО
вироиш28 ноябр - 2 декабри соли 2016 дар пойтахти Эфиопия - ша?ри Аддис-Абеба ?аласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ?ифзи мероси фар?анги ?айримодд? баргузор шуд. Аз ?ониби ?ум?урии То?икистон соли 2015 бахш?ои ?Оши палав ?амчун х?роки анъанав? ва фазои и?тимоию фар?ангии он дар То?икистон? ва ?Навр?з? барои сабт гардидан ба Фе?ристи шаклии ЮНЕСКО оид ба фар?анги ?айримодд? пешни?од гашта буд. Ин бахш?о аз сан?ишу ом?зиши комиссияи мутахассисони ЮНЕСКО гузашта, 30 ноябри соли 2016 дар ин ?аласаи бонуфуз мавриди баррас? ?арор гирифтанд ва бо гирифтани аксари овоз?о расман ба Фе?ристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фар?анги ?айримодд? ворид карда шуданд.
Акнун аз номи ?ум?урии То?икистон дар ин фе?рист се намунаи фар?анги ?айримодд? сабт шудаанд: ?Шашма?ом? (соли 2008, ?амро? бо ?збекистон), ?Оши палав ?амчун х?роки анъанав? ва фазои и?тимоию фар?ангии он дар То?икистон? (2016) ва ?Навр?з? (2016), ?амро? бо Аф?онистон, Эрон, ?збекистон, ?азо?истон, ?ир?изистон, Озарбой?он, Иро?, Покистон, Туркия, Туркманистон ва ?индустон).
Омода сохтани ?у??ат?ои бахш?ои ?Оши палав? ва ?Навр?з? аз ?ониби олимони Паж??ишго?и илм? тад?и?отии фар?анг ва иттилоот бо сардории олими шинохтаи то?ик Дилшод Ра?имов та?ияву тар?ума ва ба дафтари мероси фар?анги ?айримоддии ЮНЕСКО фиристода шуданд.[4] Маврид ба ёдоварист, ки аз соли 2010/2013 дар Паж??ишго?и мазкур гур??и ?Мероси фар?анги ?айримодд?? фаъолият мекунад. Аз ?ониби ин гур?? ?Фе?ристи миллии мероси фар?анги ?айримодд?? тартиб дода шуд, ки он 515 унсури фар?анги ?айримоддии хал?и то?икро дар бар мегирад ва соли равон он бо забон?ои то?ик? ва инглис? аз чоп баромадааст.[5]
Эзо?
вироиш- ↑ Фар?анги забони то?ик?. Зери та?рири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. ?ошим, Н. А. Маъсум? — М., ?Советская Энциклопедия?, 1969. ?. 2, с. 20
- ↑ 2.0 2.1 Оши палов: аз гузашта то ба имр?з. 13 июни 2015 сан?ида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 сентябри 2016.
- ↑ Оши палав. 15 июли 2016 сан?ида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
- ↑ "ОШИ ПАЛАВ" - И ТО?ИКОН ДАР РАДИФИ БЕ?ТАРИН?О
- ↑ Оши палав ?ам ?а?он? шуд.Паж??ишго?и илм?-тад?и?отии фар?анг ва иттилооти Вазорати фар?анги ?Т